ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВИ МИЛЛӢ

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

ШАҲРИТУС.Давиданро шоҳи варзш меноманд. Аз ҷиҳати тиббӣ ин намуди варзиш барои саломатӣ ва дуруст инкишоф ёфтани инсон нақши бузург дорад. Шахсоне, ки мунтазам ба ин намуди варзиш машғуланд, чусту чолок, ҷасуру моҳир мегарданд. Ҳамасола ҳафтаи сеюми якшанбеи моҳи май дар саросари кишварамон Рӯзи дави миллӣ таҷлил карда мешавад. Санаи 21.05.2023 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус дави миллӣ бо иштироки роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, хонандагон, варзишгарон, аъзон ва кормандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, волантиёрони ҲХДТ, намояндагони васоити ахбори омма дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар фарҷом ғолибон бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.