ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ ГАРОИШ БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ РАДИКАЛИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Санаи 12.04.2023 масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳия бо иштироки омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии муассиса хониши сиёсӣ ва суҳбат ҷиҳати дар амал татбиқ кардани нишондиҳандаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги худ, ташаккули маърифати сиёсии ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ, зуҳуроти бегонапарастӣ, тақлид ба сару либоси бегона ва анъанаҳои номатлуб ва тарбия намудан дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан, тарғибу ташвиқи хизмат, тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба сафи Артиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи ҳатмии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор гардид.