МУЛОҚОТУ ВОХӮРӢ ОИДИ ТАРҒИБУ ТАШВИҚ НАМУДАНИ ҶАВОНОН БАХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Санаи 7 апрели соли 2023, дар толори муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-и ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Назаров, гурўҳи корӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, мулоқоту вохўри бо иштироккунандагон аз он ҷумла, директор ва омузгорони муассисаи мазкур, сокинони деҳаи Айвоҷ, раиси кумитаи маҳалла, ҷавонон ва хонандагони муассисаи мазкур иштирок намуданд. Дар баргузории мулоқоту вохўри муовини раиси ноҳия, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия, оиди шаҳру тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баҳри баланд бардоштани ҳисси Ватандўстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги худ, ташаккули маърифати сиёсии ҷавонон, пешгири аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни террористӣ-экстремистӣ, худори аз истифодаи сару либоси бегона, худсузи ва худкушии занону духтарон, тарғибу ташвиқи хизмат дар сафҳои Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон ҷиҳати ҷалб ва аъзокунии ҷонибдорони ҲХДТ аз ҳисоби ҷавонон баромад намуданд.