АЪЗОИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН БУДАН ИН ИФТИХОР АСТ!

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Дар асоси банди 20-и Нақшаи корӣ-2023 «Таблиғ ва тибқи талаботи қонунгузорӣ ҷалб ва қабул намудани аъзои нав ва салоҳиятнок аз ҳисоби ҷонибдорон» ва бо мақсади зиёд намудани сафи ҳизбиён аз ҳисоби ҷонибдорон ва ҷавонон аз ташкилоту муассисаҳо, санаи 10.04.2023 сол масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус аз ташкилоти ибтидоии «Маркази ташхиси табобатии Оиша»-и ноҳияи Шаҳритус, якчанд нафар табибони ҷавонро ба аъзогии ҲХДТ қабул намуда ба онҳо дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим намуданд. Ҳамзамон ба табибони ҷавони Маркази ташхиси табобатии Оиша фаҳмонида дода шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва манавиётӣ баланди аъзои худ такия намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амали гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин ба таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат менамояд.