БАРГУЗОРИИ БОЗИИ ЗЕҲНИИ ШАШКА ВА ШОҲМОТ

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Дар асоси барқияи КИМ ҲХДТ, №8 аз 14.03.2023 “Баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни варзишӣ”, санаи 29.03.2023 масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар ҳамбастаги бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар назди майдончаи варзишии боғи фарҳанги-фароғатии “Шаҳритус”, мусобиқаҳои варзиши аз қабили шашка ва шоҳмот байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия баргузор гардид. Дар натиҷаи ҷамбасти мусобиқаҳои варзиши оид ба шашка ва шоҳмот аз ҷониби масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус ба хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, барои ишғоли ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва чорум бо туҳфаҳои хотирмони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус қадрдони карда шуданд.