СӮҲБАТУ ВОХӮРӢ БО ХОНАНДАГОН

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Санаи 29.03.2023 масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳия, бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоотии КИ ҲХДТ дар ноҳия, директор, омузгорон ва хонандагони муассиса, хониши сиёсӣ ва суҳбат, ҷиҳати риояи тартибу низом дар муассиса, ва риояи сару либоси мактабии хонандагон ҳангоми ба мактаб ҳозир шудан, бекорагарди накардани хонандагон баъд аз хатми соати дарсӣ ва машғул шудани онҳо ба хондани китобҳои бадеӣ, инчунин баҳри баланд бардоштани ҳисси Ватандўстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги худ, ташак-кули маърифати сиёсии ҷавонон, пешгири ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои родикаливу экстремистӣ, зуҳроти бегонапарастӣ, тақлид ба сару либоси бегона ва анъанаҳои номатлуб ва тарбия намудан дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан, татбиқи ҳатмии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор гардид.