ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ ИФТИХОРИ МАН!

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Санаи 13.03.2023 сол масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус дар ташкилоти ибтидоии «Маркази саломатӣ»-и ноҳияи Шаҳритус, якчанд нафар ҷавонон духтарони Маркази саломатиро ба аъзогии ҲХДТ қабул намуда ба онҳо дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим намуданд. Ҳамзамон ба ҷавондухтарони ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатӣ” фаҳмонида дода шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва манавиётӣ баланди аъзои худ такия намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амали гардонидани ѓояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин ба таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат менамояд.