МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА «РЎЗИ МОДАР»,

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус бахшида ба «Рўзи Модар», санаи 3 марти соли 2023 бо ташабуси масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар якҷояги бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, дар назди бинои Маркази ҷавонони ноҳия, мусобиқаҳои варзиши аз қабили шашка ва шоҳмот байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия баргузор гардид. Дар натиҷаи ҷамбасти мусобиқаҳои варзиши оид ба шашка ва шоҳмот аз ҷониби масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус ба хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, барои ишғоли ҷойҳои дуюм, сеюм ва чорум бо ифтихорнома ва туҳфаҳои раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус қадрдони карда шуданд.