ВОХӮРИВУ МУЛОҚОТ БО ОМӮЗГОРОНИ ИБТИДОИИ ҲАРБИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ НОҲИЯ

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ ва дастуру вазифагузориҳое, ки аз курси бозомўзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, баҳри баланд бардоштан ва беҳтар ба роҳ мондани дарсҳои тайёрии ибтидоии ҳарбӣ, ҳамзамон сифатнокии дараҷаи касбии омӯзгорони ибтидоии ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шаҳритус санаи 1 марти соли 2023 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия ва Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳритус дар саҳни ҳавлии Комиссариати ҳарбии ноҳия мулоқоту вохӯрӣ бо омӯзгорони ибтидоии ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шаҳритус доир гардид.

Дар баргузории мулоқоту вохўрӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар бораи вазъи кунунии тайёрии ҷавонон ба хизмат дар сафҳои Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ ва норасоиҳои масъалаи даъвати ҷавонон ба Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар оянда беҳтар кардани сифати дарсҳои ибтидоии ҳарбӣ ва баланд бардоштани дараҷаи касбии омӯзгорони ибтидоии ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, инчунин дар назди Комиссариати ҳарбии ноҳия ташкил намудани машғулятҳои омўзишӣ баромад намуд.

Ҳамзамон, ба омӯзгорони ибтидоии ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дастур дода шуд, ки ҷавононро дар доираи барномаҳои таълимӣ омода намуда, ба қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳия бурда, бо шароити хизмати афсарону аскарони қисмҳои низомӣ аз наздик шинос намояд.