БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ ҲАРБӢ-ВАРЗИШИИ “ВАТАНПАРВАР”

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Санаи 9 феврали соли 2023 дар саҳни ҳавлии мактаб-интернати ноҳия, озмуни вилоятии ҳарбӣ-варзишии “Ватанпарвар” бахшида ба 30-солагии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонандагони синфҳои 9-10 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Шаҳритус, бо иштироки намояндаи комиссариати ҳарбии ноҳия, бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия, шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус, шуъбаи маорифи ноҳия ва омузгорони ибтидои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳраку ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Шаҳритус баргузор гардид. Дар баргузории чорабинии мазкур оиди аз худ намудани “Барномаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ” дар байни хонандагони синфҳои болоӣ, тайёри онҳо ба дифои Ватан, шуурнокӣ, бародарӣ, дӯстӣ, ҷасорат, зиракӣ ва тобоварӣ байни хонандагони синфҳои 9-10 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Шаҳритус озмун гузаронида шуд.