ҲИФЗИ ВАТАН – НИШОНАИ ҶАВОНМАРДИСТ!

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Санаи 31 январи соли 2023 дар қисми ҳарбии 02214 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ ва бо иштироки директори маркази ҷавонони ноҳия, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус, чорабинии варзиши бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва рўзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин чорабини директори маркази ҷавонони ноҳия, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус баромад намуда қайд намуд, ки Ватан ин ҳамон қаламравест, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо аҷдодони мо дар он сарзамин умр ба сар бурдаанд, бо як забон сухан гуфтан, шодию хурсандӣ, нолаю фиғон ва дардидил кардаанд. Мо барои Модар – Ватан ҳифзу нигаҳбонӣ кардан, бояд ҳар лаҳза ҳар дақиқа, ҳаршабу рӯз омода бошем. Ҳамзамон дар рафти чорабинӣ директори маркази ҷавонони ноҳия, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус, ҳамаи афсарону сарбозони қисми ҳарбии 02214 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон воқеъ дар ноҳияи Шаҳритус-ро бо ҷашни30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва рўзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

Инчунин дар қисми низомии номбурда бозии варзишии давидан, турниккашӣ, қуваозмои бо даст ва шашкаву шоҳмот байни сарбозон ташкил ва гузаронида шуда, инчунин ғолибон бо сипосномаи Маркази ҷавонони ноҳия ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус мукофонида шуданд.