ҲАДАФ : БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲИССИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Дирӯз  масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар ташкилоти ибтидоии "Маорифчиён" бо  омӯзгорону хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 хониши сиёсӣ доир намуданд. 

Зимни суҳбат намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб вобаста ба моҳияти  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  фишангҳои муқовимат бо гурўҳҳои ифротӣ,  баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги худ, ташаккули маърифати сиёсии ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ, зуҳуроти бегонапарастӣ, тақлид ба сарулибоси бегона, тарбияи онҳо дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан, тарғибу ташвиқи хизмат дар  сафи Артиши миллӣ, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон андешаронӣ карда, аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки бо дониши баланд,  одобу ахлоқи ҳамида ҳамчун ворисони  ояндаи ин сарзамини аҷдодӣ ба воя расида, ба Ватан-Модари худ хизмати содиқона намоянд.