“СОАТИ СИЁСӢ” ДАР САТҲИ БАЛАНД БАРГУЗОР КАРДА ШАВАД!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 26.09.2022 бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона Шералӣ ва Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Валиев Бобоҷон бо мақсади иҷрои саривақтии нақшаи обуна барои соли 2023, баланд бардоштани таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва саҳмгузори намудан дар даъвати тирамоҳӣ ҷиҳати сафарбар намудани ихтиёриён ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки директорони муассисаҳои таълимии ноҳия ҷамъомад баргузор карда шуд.

Ҳамзамон, ҷиҳати  дар сатҳи баланд гузаронидани Нақшаи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ тасдиқ гардида, дар ду бахш - «Соати сиёсӣ» ва «Мактаби ман» маслиҳатҳои муфид дода шуд.  

Дар «Соати сиёсӣ», ки тибқи нақша дар як моҳ як маротиба доир мегардад, мавзӯъҳои вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар як моҳи охир, асосҳо ва дастовардҳои Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, экстремизм ва тундгароӣ ва дар ҷомеаи муосир ва таъсири онҳо ба ҷомеаи солим, ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллӣ, амнияти иттилоотӣ, асосҳои идеологии кишвар, эҳтиром ба мақоми маориф ва омӯзгор мавриди омӯзиш қарор мегиранд.

Таъкид карда шуд, ки ташаббуси нави ҳизбӣ ҳар шанбеи охири моҳ соати 11-00 бо иштироки омӯзгорони ботаҷриба дар сатҳи баланд гузаронида шавад.