ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МАКТАБИ МАРДОНАГИСТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷавонон нерӯи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишварамон маҳсуб меёбанд.

Яке аз масъалаҳои муҳим ин хизамати ҷавонон дар сафи Артиши миллӣ мебошад.

Аз ин рӯ, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён дар деҳаи А.Ҷомии Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо қишрҳои гуногуни ҷомеа вохӯри баргузор намуданд зимни баромадҳои худ иброз доштанд, ки хизмати содиқона кардан ба Модар-Ватан, ҳифз намудани марзу буми он дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат қарзи фарзандии ҳар як ҷавони бо нангу номус ва далеру қавиирода мебошад.

Ҷавонони мо бояд дарк намоянд, ки Ватани муқаддасамонро ба ҷуз худи мо касе дигар обод нахоҳад кард.