ВОХӮРИҲО ВОБАСТА БА ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Модар-Ватан ин ду калимаи муқаддас ва ба ҳам пайвандан. Мо бе ин ҳарду зиндагӣ карда наметавонем, зеро моро яке ба дунё меорад, дигаре ба оғуш гирифта ба воя мерасонад. Ҳивз ва эмин доштани Ватан-Модар вазифаи ҳар як фарзанди содиқи ин меҳани биҳиштосо мебошад.

Ба ҳамин хотир кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён дар деҳаи А.Ҷомӣ Ҷамоати деҳоти. Меҳнатобод байни сокинон вохӯрӣ гузаронида, иброз доштанд, ки ҳивзи марзу буми ватан ва амнияти миллӣ дар сар то сари кишварамон вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи ҷавонмардони матини кишвар аст.