ТАЪМИРИ ПУЛҲО БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ 35-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона Шералӣ аз рафти сохмони пул дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён дидан намуда, ба аъзоёни ҲХДТ барои саҳмгузорӣ намудан дар корҳои созандагию бунёдкории ноҳия изҳори сипос намуд.

Бо ташаббуси соҳибкорони ҳудуди ҷамоат ва роҳбарияти ҷамоати деҳоти Заргар пули деҳаи Барои ҳосилоти ҳудуди ҷамоат дар масофаи 15 метр дарозӣ ва 8 метр паҳноӣ дорад, азнавсозӣ карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба таҷлили 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншоотҳо бо суръат давом дорад.