ХИЗМАТ БА ВАТАН ОИНИ ҶАВОНМАРДИСТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён дар якҷоягӣ бо намояндаи Ҳукумати ноҳия дар деҳаи С.Айнии Ҷамоати деҳоти Навбаҳор бо сокинони деҳаи мазкур вобаста ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар рафти баргузории вохӯрӣ кормандон дар баромадҳои хеш вобаста ба таъмини амнияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар қарзи ҷонии ҳар як ҷавон мебошад.