ДАСТГИРИИ ЯТИМОН АМАЛИ ХАЙР!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дастгирии ятимону бепарасторон ва аҳолии ниёзманд яке аз масъалаҳои меҳварии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.

Бахшида ба соли нави таҳсил шахсони саховатманд пайваста ятиму бепарасторонро дастгирӣ намуда истодаанд. Дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён шахси хайрхоҳ Абдухалилов Фурқат ба 17-нафар хонандагони ятим ашёҳои гуногуни хонишро кӯмак намуд.

Аз ин амали хайр хонандагон руҳу илҳоми тоза гирифта, шоду хурсанд гардиданд.