ЛУТФУ ЭҲСОН ВА ДАСТГИРИИ ЯТИМОН!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Таваҷҷуҳ ба ниёзмандон, лутфу эҳсон, дасти фитодаеро гирифтан, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесарубон кӯмак кардан яке аз хислатҳои неки инсонист.

Дар пояи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ҳамаҷонибаи соҳаи илму маориф ва табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ба хотири таъмини принсипҳои давлатӣ иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст.

Бахшида ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози соли нави таҳсил бо ташаббуси аъзои Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон раиси ноҳияи Кӯшониён муҳтарам Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона Шералӣ нисбати 12-нафар ятимон амали саховатмандона карда шуд.

Ба ин хонандагони ятим сару либоси мактабӣ ва ашёҳои хониш аз қабили ҷузвдон, дафтар, қалам ва дигар лавозимоти хонишро кӯмак намуданд.

Аз чунин амали хайр хотири хонандагон болида гардида, ба соли нави таҳсил омодагӣ гирифтанд.