ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГИИ СОКИНОН!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ ба некӯаҳволии мардуми деҳот замина мегузорад. Саидшо Асроров дар деҳаи Ободонии ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён бо сокинон вохӯрда, вобаста ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тарбияи фарзандон дар роҳи дурусти ватандорию ватандӯстӣ ва саҳм гузоштан дар ободии маҳалли зист таъкид намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуд.