ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГИИ ЯК ХОНАВОДА!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ба некӯаҳволии мардуми деҳот саҳми сазовор мегузорад. Муродов Мирзо сарвари хонавода дар замини наздиҳавлигии оилаашон гармхона ташкил намуда, дар он парвариши лимуро ба роҳ мондааст, ки ҳамасола аз он даромади хуб ба даст меоранд. Дар як қитъаи дигари замин кишти ҷуворимакка ба роҳ монда шудааст.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо сарвари ин хонавода вохӯрда, вобаста ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тарбияи фарзандон дар роҳи дурусти ватандорию ватандӯстӣ ва саҳм гузоштан дар ободии маҳалли зист таъкид намуд.