ТАЪМИР ДАР МУАССИСА ҶАРАЁН ДОРАД!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Маъмурияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44-и ноҳияи Кушониён дар баробари ба анҷом расидани имтиҳонҳои аз синф ба синфгузарӣ ва хатм, ба таъмири ҷории синфхонаҳо оғоз намудаанд. Омӯзгорон ва кормандони техникии муассиса дар ин кор саҳми босазо дошта, ба рангубор намудани деворҳои синфхонаҳо машғуланд. Муаллима Воҳидова Шаҳноза низ ин ҳунарро омӯхта, дар рафти таъмири синфхонаҳо саҳм гузошта истодааст. Мавсуф дар даври ноҳиявии озмуни "Тоҷикистон - ватани азизи ман" аз рӯи номинатсияи сарояндагӣ ғолибият ба даст оварда, ба даври вилоятӣ омодагӣ мебинад.