СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ИҚДОМИ ХАЙРХОҲОНА АСТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бунёди муассисаҳои таълимии нав ва синфхонаҳои иловагӣ, инчунин дар доираи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гимназияи давлатӣ сохтмони синфхонаҳои иловагӣ оғоз гардид. Сохтмон дар маҷмӯъ аз 2 синфхонаҳои кушоду барҳаво иборат мебошад, ки баъди ба анҷом расидани сохтмон мушкилоти норасогии ҷойи нишаст ва норасоии синфхонаҳо пурра ҳалли худро меёбад.