ТАШАББУСКОРИҲОИ АЪЗОЁНУ ҶОНИБДОРОНИ ҲИЗБӢ ДАР КОРҲОИ ОБОДОНӢ

Кушониён: Созандагони ватан  

 Дар асоси Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён бо ҷалби соҳибкорону сокинони ҷамоати шаҳраки Бохтариён дар роҳҳои автомобилгарди ҷамоати мазкур тариқи ҳашари дастаҷамъона бо иштироки кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МДНРА” таъмиру барқарорсозӣ карда шуда истодааст. Ин аст, ки мо ба масъалаи бунёди роҳҳои нав ва таъмиру таҷдиди роҳҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хоса ва доимӣ зоҳир менамоем. Ин амали созандагиву бунёдкории сокинони деҳаҳои мазкур боиси хушҳолии хурду калон гардида, намунаи ибрати дигарон хоҳад шуд. Боиси қаид аст, ки чунин ободкориҳову созандагиҳо боиси он мегардад, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳазорҳо километр роҳҳои мошингард азнавсозӣ ва таъмиру тармим ва даҳҳо километр нақбҳои мошингузар ва садҳо пул бунёд гардида, имрӯз мушкилоти рафтуомади сокинону меҳмонони кишвар ва ҳамлу нақли молу маҳсулотро аз як минтақа ба минтақаи дигари мамлакат бамаротиб осон гардонад.