ВОХӮРИҲОИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО СОКИНОН ПАЙВАСТА ИДОМА МЕЁБАНД

Кушониён:  

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 9 марти соли 2024 ҳангоми мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат вобаста ба масъалаҳои вазъи мураккаби сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони имрӯза, торафт афзоиш ёфтани хатару таҳдид ба мафкураи ҷомеаҳо ва дар ин ҳошия, зиёдшавии омилҳои номатлуб дар байни аҳолӣ баён гардида, инчунин бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва дар доираи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, вохӯрии навбатии гуруҳи корӣ бо сокинони деҳаи Ваҳдати Ҷамоати шаҳраки Бохтариён  ноҳия баргузор гардид. Вохӯриҳои гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини раиси ноҳия Саидбеки Сафарбек дар ҳайати муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Далер Собиров доир гардида, баромадкунандагон доир ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон", масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм, тақлиди фарҳанги бегона, худкушӣ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, ташаккули худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, рафти чорабинӣ оид ба ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, нашъамандию нашъаҷалобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, таблиғу ташвиқи китобхониву китобдӯстӣ ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», “Дар бораи ватандӯстии шаҳрвандон” ва ҷалби сокинон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, масъалаҳои мубрами рӯз, ки дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат санаи 09 марти соли 2024 қайд гардид, маърӯза намуданд. Зимни вохӯрӣ раисони маҳаллаҳо, эмомхатибон ва фаъолони ҷамоат иштирок варзида бо онҳо оиди барасии нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат, масъалаҳои пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳолати кабудизоркунӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва рафти корҳои ободонӣю созандагӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд. Чунин мулоқоту вохӯриҳо пайваста дар шаҳраку ҷамоатҳои ҳудуди деҳаҳои ноҳия доир гардида, дар пешрафти сатҳи зиндагии мардум ёрии амалӣ мерасонад.