САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИ МУАССИСАВӢ

Кушониён:  

Бо мақсади амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ва иҷрои саривақтии он аъзоёну ҷонибдори ҳизбӣ аз ҷумла масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Морифчиён” замини назди муассисаи таълимии №25, маданияти дуруст истифодабарии замини корами назди муассиса ва истифодаи самараноки оби ошомиданӣ, захираи дусолаи маҳсулоти кишоварзӣ ва кишти такрории зироатҳо аз қабили картошка, бодиринг, помидор, маккаи дон, караму гулкарам ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалро ба роҳ мондаст.

Бояд қайд намуд, ки аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бобати самаранок истифодабарии заминҳои корам ва ёрирасон, захиираи 2 солаи маводи ғизоиро сармашқи кори худ намуда, ҳар як ваҷаби заминро самаранок ва оқилона истифода намуда, ба ин васила саҳми худро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат мегузоранд.