НИЁЗ БА ФАРҲАНГУ ЛИБОСИ БЕГОНА НАДОРЕМ!

Кушониён:  

Санаи 7-уми майи соли 2024, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарғиби либоспӯшии миллӣ, пешгирӣ аз роҳ ёфтани фарҳанги бегона имрӯз дар доираи нақшаи Мақомоти иҷроияи ноҳия бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, дар самти масъалаҳои тавлиди фарҳанги бегона миёни занону бонувон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ҳамрӯза дар корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳои ҳудуди ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда истодаанд. Чӣ тавре ки мушоҳида мегардад, солҳои охир ҳусни либоспӯшии занони тоҷик тадриҷан коста гардида, сари ин масъалаи марбут ба ҳуввияти миллӣ ва фарҳангӣ баҳсҳои доманадор ба вуҷуд омадаанд. Имрӯзҳо, мутаассифона, мушоҳида мекунем, ки духтарон ва баъзан занҳои тоҷик аз пушти мӯди хориҷии барои мо носозгор рафта, либосҳое ба бар мекунанд, ки ба онҳо ҳеҷ зебанда нест, балки баръакс, ҳусни зебои онҳоро коста мекунад. Боиси тассуф аст, ки имрӯз бархе аз заонону бонувони мо бешуурона майл ба либоси бегонагон намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунанд. Андеша намекунанд, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст. Бинобар ин имрӯз дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва барои ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.