ҶУДОИ ТОҶИК ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Кушониён: Андеша  

Бо ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ ва бо гузашти қариб 33 сол дар Тоҷикистон рӯйдодҳои воқеан таърихиву арзишманд, дигаргуниҳои куллии соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ, ислоҳоти иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ анҷом дода шудааст. Варзиш муҳимтарин шуғли инсон, қабл аз ҳама, ҷавонон буда, воситаи муассири беҳдошти саломативу таблиғи тарзи ҳаёти солим ба ҳисоб рафта, марҳалаи навини рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонии кишварамон дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ бо таъсису барқарор намудани муассисаҳои варзишӣ, баргузор намудани чорабиниҳои оммавии варзишӣ, солимгардонӣ ва таъмини иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оғоз гардид.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи варзиш ва ҳалли мушкилоти мавҷуда барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ қабул ва амалӣ гардиданд.   

Соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба таъмини оммавигардонии варзиш, таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ равона гардидааст. Ин аст, ки роҳбарони як қатор федератсияҳои варзишӣ мураббиёни барҷаста, нафарони ватандӯсту варзишпарвар ба мисли Наботов Абдулло интихобу таъйин гардида, шогирдонеро тарбия мекунанд, ки номи тоҷику тоҷикистониёнро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.

Дар муддати ду даҳсолаи охир бо дарназардошти муҳим будани рушди инфрасохтори соҳа, бунёду азнавсозии ҳазорҳо иншооти варзишӣ амалӣ гардид. Бо кумаку дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Пешвои муаззами миллат дар ду даҳсолаи охир бунёду азнавсозии иншоотҳои соҳаи варзиш бо суръати кайҳонӣ пеш рафта, даҳҳо ҳазор майдончаву толорҳои варзишӣ мавриди истифодаи омма қарор дода шудаанд. Вобаста ба рушди инфрасохтори соҳаи варзиш пешравиҳои зиёде низ ба чашм мерасанд, ки барои таъмини иштироку нерусанҷии варзишгарони тоҷикро дар чорабиниҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ маъсулияти маъсулони соҳаро дучанд месозад.

Боиси шукргузориву фараҳмандист, ки дар қатори дигар соҳаҳои ҳаёти кишвар дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки бахши умдаи сиёсати иҷтимоии давлат ва дар ин замина самти афзалиятнок ба шумор меравад, дигаргуниҳои азим ба вуқуъ омаданд. Ба ибораи дигар, дар тӯли 30-соли Истиқлолияти давлатӣ дар сиёсати давлату ҳукумат масоили солимии миллат, инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш беш аз пеш мавқеъи хоса пайдо намуд, ки албатта, ин пеш аз ҳама, ба шарофати сулҳу суббот, ваҳдати бебозгашти миллӣ ва таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани Пешвои муаззами миллат ба соҳаи тарбияи ҷисмониву варзиш мебошад. 

Сатторова Моҳбону Алиакбаровна- мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён