БАРГУЗОРИИ “РӮЗИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ”-И НАМУНАВӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Кушониён:  

Дар муассисаи таълимии №10-и ташкилотои ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён»-и ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия, чорабинии “Рӯзи мудофиаи гражданӣ”-и намунавӣ бо иштироки сардорони мудофиаи граждании хадамотҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, оташнишонӣ, тиббӣ ва сардорони мудофиаи граждании муассисаҳои таълимӣ бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин роҳбарону омӯзгорони омодагии дифои ҳарбии муассисаҳои таълимии ноҳия, мудирони муассисаҳои томактабӣ, омӯзгорон ва хонандагони МТМУ №10 баргузор карда шуд. Мақсад аз гузаронидани чорабинӣ ин пеш аз ҳама пешгирӣ ва сари вақт бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода аз тарафи омӯзгорону хонандагон мебошад. Дар чорабинии мазкур Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон даъват гардида, аз тарафи онҳо корҳои наҷотдиҳӣ ҳангоми сар задани офатҳои табии ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода бо таҷҳизотҳояшон ба намоиш гузошта шуд. Тибқи нақша сараввал тамошои расмҳо ва овезаҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода, дарсҳои кушод дар синфҳои 2 ва 6, ҷамъомади дар толори маҷлисгоҳ бо намоиш додани саҳначаҳо ва викторинаҳои саволу ҷавоб, амали омӯзгорон ва хонандагон ҳангоми шунидани "Бонги хатар" ва аз назар гузаронидани муассиса баъд аз "Бонги хатар" доир гардид. Дар чорабинии “Рӯзи мудофиаи гражданӣ”-и намунавӣ ҳайати шахсии муассисаи МТМУ №10 иштироки фаъолона намуданд ва аз тарафи нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи граждании муассиса аз рӯи таъинот ва тартиби муқарраргардида аз рӯи вазифаҳои худ амал намуда, фаъолияти худро нишон доданд. Дар фарҷом аз тарафи Шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳия иштирокчиёни фаъоли машқ бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Боиси қайд аст, ки баҳри баланд бардоштани донишу малакаи омузгорон, хонандагон ва такмили мустақилона амал намудан дар ҳолатҳои фавқулода чунин чорабиниҳо тибқи нақша чорабиниҳо, дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия бо навбат гузаронида мешавад.