ВОХӮРӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «МАОРИФЧИЁН»

Кушониён:  

Масъулини муассисати таълимии №20-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”, бо мақсади расонидани мазмуну муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 9 марти соли равон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар баён доштанд, инчунин вобаста ба баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ дар байни занону ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз амалҳои номатлуби экстремистию террористӣ, роҳ надодан ба сару либоси бегона, бабар намудани сатр, пошхурии оилаҳои ҷавон ва пешгирӣ намудан аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ва ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бо кумитаи падару модарон дар толори муассиса вохӯрии судманд доир гардид. Боиси қайд аст, ки мулоқотҳо дар ин самт пайваста роҳандозӣ гардида, атрофи мавзӯъҳои ташаккули худшиносии миллӣ ва мафкураи солимӣ ҳар як шахс дар мактаби давлатсозии Пешвои миллат, роҳҳо ва воситаҳои пешгирӣ аз ифротгароии динӣ дар ҷомеа ва паёмадҳои манфии сиёсисозии дин ва хатарҳои он барои ҷомеаи имрӯза андешаронӣ карда мешавад.