АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДА ВА БУНЁДКОР”

Кушониён:  

Дар заминаи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба сарсабзу хуррамгардонии Ватани азизамон ва дар ин раванд ба кишвари сабз табдил додани он дар асоси нақша чорабиниҳои тасдиқгардидаи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён аъзоёну ҷонибдорони ҳизбӣ ба аксияҳои дастаҷамъона баромада дар рафти корҳои ободониву созандагӣ саҳми бо мароми хешро гузошта истодаанд. Ин навбат кормандони ташкилоти ибтидоии “Бохтариён” аксияи тозагӣ гузарониданд.

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ санаи 25 апрели соли 2024 аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоӣ дар ноҳияи Кӯшониён аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор!” баргузор гардида истодааст. Дар аксияи мазкур аъзоёни ҳизб бо руҳияи баланди арҷгузорӣ ба Ватан фаъолона ширкат варзида ба тоза намудани гирду атроф аз алафҳои бегона рангубор намудани зери дарахтон машғул гашта, саҳми худро гузошта истодаанд.

Бояд қайд намуд, ки ин аксияи мазкур ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузаронида мешавад.