ТАЪМИРИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ АСОСИИ ҲХДТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ободу зебо гардонидани маҳалҳо, коргоҳҳо ва муассисаҳои таълимии ноҳия таъмири ҷорӣ рафта истодааст. Бо ин мақсад масъулини муассисаи таълимии №2-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дар ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо ҷалби аъзову ҷонибдорони ҲХДТ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” корҳои таъмиру азнавсозиро роҳандози намуа истодаанд.. Тибқи иттилоъ, кормани муассисаи таълимии мазкур барои беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия ва таъмиру азнавсозии бино дар саҳни муассиа бо ҷалби коллективи омӯзгорон роҳравҳои гирду атрофи биноро бо сангреза ва семнт дар масофаи 264 м2 мумфарш намуданд.