ҶАМЪОМАДИ ШӮРОИ ДУХТАРОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Кушониён:  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” ҷамъомади судманд миёни духтарони синфҳои болии муассисаи таълимии №38-и ҷамоати шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён доир ба масъалаҳои мубрами рӯз аз қабили никоҳи хешутаборӣ, пошхурии оилаҳои ҷавон, пешгирии бекоршавии ақди никоҳ, пешгирӣ аз никоҳи бармаҳал ва саривақтӣ, омода намудани ҷавонондухтарон ба ҳаёти мустақилона, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва одобу рафтори ҷавондухтарон доир гардид.

Дар мулоқот муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ ва раиси духтарони муассисаи таълимии №38 вобаста ба масъалаҳои зикргардида бо духтарон андешаронӣ намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд ва дар ин росто иштирокдоронро водор намуданд, ки баъди хатми мактаби миёна аввал хонда соҳиби маълумоти оливу соҳибкасб шуда, баъдан ба ҳаёти мустақилона қадам монанд. Ичунин онҳоро барои риоя намудани талаботи қонунҳои амалкунанда дар ин самт раҳнамоӣ намуданд.

Боиси қайд аст, ки мулоқотҳо тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён роҳандозӣ гардида, пайваста атрофи мавзӯъҳои ташаккули худшиносии миллӣ ва мафкураи солимӣ ҷавонон дар мактаби давлатсозии Пешвои миллат, роҳҳо ва воситаҳои пешгирӣ аз ифротгароии динӣ дар ҷомеа ва паёмадҳои манфии сиёсисозии дин ва хатарҳои он барои ҷомеаи имрӯза андешаронӣ карда мешавад.