МУЛОҚОТҲО БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА” ҶИҲАТИ САМАРАНОК ИСТИФОДА НАМУДАНИ ЗАМИН

Кушониён:  

Санаи 24-юми апрели соли 2024 кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар кучаву маҳалаҳои ҷамоати шаҳраки И. Сомонӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва рӯёнидани ҳосили такрорӣ, ҷалби ҷавонон ба Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ ҷавонон аз ҳаргуна гурӯҳҳои ифротӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули хона ба хона роҳандозӣ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки сокинони ноҳияи Кӯшониён дар татбиқи дастуру ҳидоятҳои Певои миллат ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории кишвар ва бармаҳал ба иҷро расонидани нақшаи даъвати баҳорӣ саҳми сазовор мегузоранд.