МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ВОЛЕЙБОЛ МИЁНИ ҶАВОНОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Кушониён: Созандагони ватан  

Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонон ва варзиш”-и ноҳияи Кӯшониён, бо мақсади тарғиби ҳаёти соли миёни наврасону ҷавонон ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол доир гардид.

Мусобиқаи мазкур таҳти роҳбарии Азимов Парвиз директори мактаби варзишии ноҳия баргузор гардида, бозии мазкурро масъулони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия довари ва баҳогузорӣ намуданд.

Боиси қайд аст, ки ин иқдоми мазкур бо мақсади оммавигардонии варзиш, баланд бардоштани сатҳи маҳорати варзишӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи солимии занону бонувон ба роҳ монда шуда, дар он 40 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Заргар ҷалб гардида, бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар охир дастаҳои ғолиб аз ҷониби ҳакамон муайян гардида, бо Сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда мешаванд.