ВОХУРИИ ГУРУҲИ КОРӢ БО ВОЛИДОН ВА ХОНАНДАГОНИ МУССИСАИ ТАЪЛИМӢ

Кушониён:  

Масъулият худ эҳсосест, ки дар рафтори ҳар як шахсияти комили ҷомеаи мутамаддин ва ҳар як фарди бедордил вобаста ба ин ё он вазифае, ки ба душаш гузошта шудааст, дида мешавад. Аммо тақозои замон аст, ки ин масъулиятро баҳри беҳбудии ҳаёти инсон дар худи инсон давлат ва қонунгузорӣ бедор намояд.

Бо ҳамин мақсад, вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, вохурии гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо омӯзгорон, волидон ва хонандагони синфҳои болоии муассисаи таълимии №15-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ як қатор масъалаҳо аз қабили риояи талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи маориф, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", сатҳи дониш ва тарбияи муҳассилин, риояи талаботи либоси расмӣ дар муассиса, ташкилу роҳандозии корҳои ободонию тозагардонӣ, пешгирии ҷавонон аз нашъмандӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва пешгирӣ аз сар задани муноқишаҳои гурӯҳӣ дар байни ноболиғон ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.