ИДОМАИ ЧОРАБИНИҲОИ ИЛМӢ ДАР ҲАФТАИ ИЛМИ ТОҶИК

Кушониён:  

Чун рӯзҳои қаблӣ, имрӯз низ бахшида ба ҳафтаи илми тоҷик, бо ибтикори кафедраи таъминоти барқ ва бехатарии электрикии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нурафшон”-и Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ таҳти унвони “Бартариятҳои ноқилҳои рӯйпӯши насли нав нисбат ба ноқилҳои замони гузашта” баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш дар баробари омӯзгорону муҳаққиқон, ҳамзамон донишҷӯёни аъзои маҳфили “Техникони ҷавон”, ки дар назди кафедраи таъминоти барқ ва бехатарии электрикӣ фаъолият менамоянд, бо маърӯзаҳои хусусияти илмидошта баромад намуданд.

Дар раванди баргузории ҳамоиш баромадкунандагон дар баробари тавсифу баррасии хусусиятҳои ноқилҳои рӯйпӯш ва тағйирёбии хосиятҳои онҳо вабаста ба муҳити таъсиррасон, инчунин аз маснуотҳои ноқилии истеҳсоли ватанӣ ёдовар гардиданд. Қайд гардид, ки маснуоти ноқилие, ки имрӯз дар корхонаҳои ватанӣ истеҳсол мегарданд, пурра ба талаботҳои муқарраргардидаи байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дар баъзе аз нишондиҳандаҳо аз маснуотҳои хориҷӣ бартариҳо низ дорад.

Дар ин миён ташкилкунандаи ҳамоиш, иштироккунандагонро аз дастовардҳои илмии олимон ва идомаи корҳои татқиқотии муҳаққиқони Донишкада дар самти мазкур ёдовар гардид. Ҳамоиш дар як фазои илмӣ ва созгор баргузор гардида, иштирокчиён дар баҳсҳои ҷолиб ва саволу ҷавобҳо хеле фаъол буданд.