ТАБЛИҒИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар ҳошияи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем” кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшонинён бо мақсади азнавсозии иншоотҳои гигиенӣ дар манзилҳои истиқоматӣ, муассисаҳои таълимӣ, корхонаву коргоҳҳо ҳамарӯза миёни аҳолии ноҳия корҳои тарғиботиву ташвиқоти баргузор намуда истоданд. Боиси хурсандиовараст, ки ин ташаббуси пешниҳод намудаи ҳизбиро вобаста ба сохтани иншооти гигенӣ бо усули дренажӣ мебошад мардуми маҳал дастгирӣ намуда, иншооти гигиениро дар манзилҳояшон бо усули дренажӣ ва бо ҷойҳои дастшӯии замонавӣ сохта ба истифода истоданд. Бояд кайд намуд, ки гигиенаи шахсӣ ин маҷмӯи қоидаҳои беҳдошт мебошад, ки иҷрои онҳо баҳри саломатии инсон мусоидат мекунад. Гигиенаи шахсӣ чунин қоидаҳои умумиро дар бар мегирад: кори ҷисмонӣ, истеъмоли хӯроки хушсифат, меҳнату истироҳат, хоби бофароғат ва ғайра. Ба гигиенаи шахсӣ покизагии бадан, курпаву болин, сару либос, тозагии манзил ва риояи мунтазами он ва тозагии иншоотҳои гигиенӣ дохил мешавад. Яъне, тозагӣ шарти асосист. Бо риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ худ ва наздиконро метавон аз бемориҳои сироятӣ ҳифз намуд.