КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯИ КӮШОНИЁН ЗАМИНҲОИ КОРАМРО САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДА, АЗ ОН ДУ-СЕ ҲОСИЛ МЕРӮЁНАНД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии хоҷагии деҳқонии "Ф. Саидов"-и ҷамоати шаҳраки Бохтариён, хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ корҳои саҳроиро вусъат бахшида, бо тавсияи мутахассисони соҳа корҳои агротехникиро дар заминҳои кишт сари вақт мегузаронанд.

Айни замон аксари деҳқонон, бо истифода аз шароити мусоид дар кишту парвариши пахта аз таҷрибадорони хуб истифода бурда, ҳамасола майдони кишти ин намуди зироатро бо истифода аз навъҳои ба шароити иқлими минтақа мутобиқ кишту парвариш менамоянд.

Тавре раиси хоҷагии деҳқонӣ ба раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона иттилоъ дод, дар заминҳои кишт ҳар як гектар замин самаранок истифода бурда шуда, дар натиҷаи заҳмати деҳқонон ҳамасола аз он ду се ҳосил ба даст оварда мешавад, ки бозори истеъмолиро бо ҳар гуна сабзавот ва зироатҳои полезӣ фаровон месозад.