МАҚОМОТИ АДЛИЯИ ТОҶИК РОҲИ ДУРУ ДАРОЗЕРО ТАЙ НАМУДААСТ

Кушониён: Андеша  

Маврид ба зикри хос аст, ки моҳи декабри соли 2021 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласаи иҷлосияи сеюм, даъвати шашум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро қабул карданд, ки тибқи он 20 апрел Рӯзи кормандони мақомоти адлия муайян карда шуд.

То қабул шудани иловаҳо ба қонуни мазкур Рӯзи кормандони мақомоти адлия санаи аниқ надошт ва ҳамасола якшанбеи дуюми моҳи октябр намояндагони ин соҳа иди касбии худро ҷашн мегирифтанд. Интихоб шудани ин сана ба қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳз дар ҳамин рӯз - 20 апрели соли 2021 рабт дорад.Таҷриба собит намуд, ки идоракунии сохти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа танҳо тавассути муқаррар намудани меъёрҳои муайян дар ин соҳаҳо, ки риояи онҳо барои ҳар як узви ҷомеа ҳатмӣ мебошад, имконпазир аст.

Баъдан чунин тартиби меъёрэҷодкунӣ мафҳуми низоми қонунгузориро гирифт. Вале муқаррар намудани меъёр як тарафи масъала буда, таъмини риояи меъёрҳои муқарраргардида вазифаи муҳимест, ки назорати доимӣ ва масъулияти беандозаро талаб мекунад. Дар низоми давлатдорӣ мақомоте, ки таъмини сиёсати ҳуқуқии давлатро амалӣ мегардонад, мақомоти адлия номида мешавад.Мақомоти адлияи тоҷик ҳам дар ин давраи таърихӣ роҳи дуру дарозеро тай намуда, барои барқарор намудани адолат, таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст ва дар баробари он мавқеъ ва нақши худро дар низоми идоракунии давлатӣ муайян намудааст. Таъсиси мақомоти адлия дар шакли имрӯзааш низ таърихи басо ибратомӯз дорад.

Нақш ва мавқеи хосаи мақомоти адлия баъд аз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам тақвият ёфт ва махсусан дар солҳои ноороми ҷумҳурӣ ин мақомот сарфи назар аз ҳама мушкилиҳову кӯшишҳо тавонист адолати комилро нигоҳ дошта, алайҳи ҳама кӯшишҳои муғарризона истодагарӣ намояд.

Мақомоти адлияи кишвар дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, дар ҳимояи қонуният ва адолат қарор дошта, барои устувор гардидани пояҳои ҳуқуқии мақомоти давлатӣ, ташаккул ёфтани низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ, ба талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ мутобиқ шудани он саъю кӯшиши зиёдеро ба харҷ додаст, ки ин анъанаи корӣ то ба имрӯз давом ёфта истодааст ва давом хоҳад ёфт.

Фаъолияти мақомоти адлия аз рӯи мазмун ва моҳияти худ фаъолияти давлатӣ ба шумор рафта, дар доираи салоҳияти он ба амал бароварда мешавад. Ин фаъолият маҳз дар солҳои Истиқлоли давлатиро ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа инкишоф ёфт ва барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ асос гузошт.Яке аз комёбиҳои бузургтарини даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи танзими ҳуқуқӣ ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо роҳи раъйпурсиии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 қабул гардида, ғояҳои пешқадами ҷамъиятиву сиёсӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, таъмини пурраи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсиву идеологиро дар худ таҷассум намуд.

Қабул шудани Конститутсияи давлати мустақили Тоҷикистон, ки воридкунандаи андеша, афкор, арзиш ва усули комилан нави давлатдорию ҳуқуқэҷодкунӣ мебошад, бори аввал дар таърихи ҳуқуқэҷодкунии кишвар зарурати қабули як силсила қонунҳои конститутсиониро пешбинӣ намуд. Таҳия ва қабули кодексҳои гражданӣ, меҳнат, манзил, ҷиноятӣ, андоз, гумрук ва ғайра, ки поясутуни соҳаҳои ҳуқуқи марбута мебошанд, дар мазмуну мӯҳтавиёти хеш тамоми андешаҳои ҳуқуқи муосирро, ки онҳо аз умқи таърихи афкори мутараққии башар илҳом мегиранд, инъикос намудаанд. Дар таҳия ва қабули ҳамаи ин санадҳо Вазорати адлия саҳми бевосита дорад.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар ин раванд на танҳо ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, ҳамчунин сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, тамоми шаклҳои моликият, ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, дигар ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсӣ ва молу мулкии шаҳрвандон, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳои дорои шаклҳои гуногуни моликият низ мавриди ҳимоя қарор дода мешаванд.

Иброҳимзода Муъмина Бозоралӣ, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оила»-и бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Кӯшониён