ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ ВА ЗАРАРИ ОН БА САЛОМАТИИ ИНСОНҲО

Кушониён: Андеша  

 Имрӯз раванди «телефонизатсия», ё худ иртибот тариқи телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) чунон босуръат аст, ки баъзан аз навовариҳои соҳа бехабар мемонем. Ҳадаф аз баррасии ин мавзуъ таҳаввулоти техникӣ дар самти рушди шабакаи ҷаҳонии алоқа нест. Ин паҳлӯи масъала, яъне рушд ба манфиати инсоният аст, аммо ҳар як ихтироъ, ҳар як навгонӣ ду паҳлӯ дорад.  Яке ба суду дигаре бар зиёнашон.

Олимон, мутахассисони соҳоти гуногун баробари корбурди технологияи навин ҷанбаҳои мухталифи онро ба руҳу равони одамон, вазъи саломатӣ ва амнияти арзишҳои сиёсӣ ва миллии ҷомеа мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд. Чанд соли охир атрофи истифодаи телефонҳои мобилӣ пажӯҳишҳои мухталиф анҷом пазируфтанд ва ин раванд  боз идома дорад. Дар натиҷа аксар ба як далел муъдамад гаштаанд, ки истифодаи телефонҳои мобилӣ ба инсон зарар ҳам мерасонад.

Боз ҳам хатарноктар аз он инаст, ки агар мо ба кӯдакон телефонҳои мобилиро дастрас мекунем ва ҳатто имкони вақти зиёд аз он истифода бурданро фароҳам меорем. Баъзан ё хеле зиёд кӯдакон телефони мобилӣ дар бари гӯш бо падар ё холаю амма ва ё бародару  дигар ақрабо  тӯлонӣ гап мезананд ва мо монеи ин рафтори онҳо намешавем. Баръакс,  модарон ва падарон маҷбурашон мекунанд, ки бо телефон бо ин ё он шахси наздикашон  суҳбат кунанд. Ин ҷо фарҳанги истифодаи телефони мобилӣ пеши рӯ меояд, ки то кадом андоза  аз он бархурдор ҳастем. Хатари дигаре, ки мо аз он сарфи назар мекунем, ин танзими буҷети оила аст, яъне масъалаи моддӣ. Хоҳу нохоҳ вақте ӯ барои ҳама фарзандон телефон мехарем, масъалаи пардохти  маблағи хизматрасониҳояш ва истифодаи шабакаи интернет ба миён меояд. Моҳе чунон маблағе сарф мекунем, ки ҳоҷат ба баёнаш нест. Пас, ин паҳлӯи масъала ҳам нигаронкунанда аст ва фарҳанги вижаи истифодаи телефонро тақозо мекунад. Танзими ин мушкил ба зимаи волидон вогузор аст. Ва агар мехохем, ки аз бемориҳо ва хароҷоти барзиёд эмин бошем, низоми зарурии истифодаи телефони мобилӣ бояд риоя шавад.

Олимони физик ин даъворо бо овардани далелҳои илмӣ муътамад меҳисобанд, яъне технологияи алоқавии муосири мобилӣ, ки дар асоси фаъол будани нурҳои  ултрабунафшӣ ва дигар унсурҳои фаъоли физикӣ кор мекунанд, ҳатман ҳангоми истифодаашон ба узвҳои шунавоӣ, асаб, дил ва ғайра таъсири худро хоҳанд расонд. Ҳангоми аз меъёр зиёд истифода бурдани телефонҳои мобилӣ низоми муқаррарии фаъолияти узвҳои инсон халал меёбанд. Ин гуна таъсири манфӣ ба кӯдакону наврасон бештар мерасад. Ҳатто табибони бавлияшинос ( урологҳо) мегӯянд, ки аз меъёр зиёд истифода бурдани телефонҳои мобилӣ бештар ба писарбачаҳо зарар дорад ва хатари безурёд кардани онҳоро зиёд мекунад. Албата ин андешаҳо дар заминаи пажуҳишҳои ҷиддӣ пайдо шудаанд. Аз ин рӯ таъкид ба волидон муҳим аст, ки баробари ба фарзандон харидани телефонҳои мобилӣ реҷаи истифода ва меъёри муоширатро пайваста назорат кунанд.

Раҳмиддинзода Малика - мутахассиси кадрҳои шуъбаи маорифи ноҳия