ИҚДОМИ ШОИСТАИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОИЛА”

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 17-уми апрели соли равон дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён бо ташаббуси ташкилоти ибтиоии ҳизбии “Оила”-и бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия, дар ҷамоати шаҳраки Бустонқалаи ноҳияи ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти адлия ҷамъомад доир карда шуд. Дар он кормадони ҷамоат, сокинони маҳҳал ва ҳамчунин як қатор Падару Модарон фаъолона иштирок доштанд. Зимни оғози чорабини раиситашкилоти ибтидоии ҳизбӣ Иброҳимзода Мумина Бозоралӣ ба сухан баромада атрофи роҳҳои тайнамудаи мақомоти адлияи кишвар дар замони соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд. Дар ин рӯз ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти адлияи мамлакат аз тарафи масъулини бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Кӯшониён дар вазияти тантанавӣ ба 10- нафар тифлони навзоди шаҳодатномаи таввалуд ва тӯҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд. Маврид ба зикри хос аст, ки дар доираи Рӯзи кормандони мақомоти адлия кишвар чунин иқдомҳои шоистаи аз ҷониби роҳбарияти бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Кӯшониён дар дигар ҷамоати шаҳраки ноҳия низ дар назар дошта шудааст.