СЕМИНАРИ ИЛМӢ – ОМӮЗИШӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Кушониён:  

 Бахшида ба ҳафтаи илми тоҷик, дар кафедраи сохтмони гидротехникӣ ва фанҳои умумитехникии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нурафшон”-и Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон таҳти унвони «Истифодабарии усулҳо ва техникаю тенологияҳои ҳозиразамон дар раванди бунёди НБО-и Роғун семинари илмӣ омӯзишӣ баргузор гардид. Дар кори семинар дар қатори устодони Донишкада ҳамзамон мутахассис аз ҳайати муҳандисию техникии НБО-и Роғун Оев Муҳаммадрасул Маҳмадқулович баромад намуда, ҳозиринро бо афзалиятҳои усулҳои наву ҳозиразамони иҷрои корҳои сохтмонӣ ва техникаю масолеҳҳои сохтмонии насли нав, ки имрӯз дар раванди бунёди НБО-и Роғун истифода мешаванд, шинос намуд. Дар идома Оев Маҳаммадрасул аз бартариятҳои конструктивӣ ва иқтисоди техникии лоиҳаи НБО-и Роғун ёдовар гардида, мубрамияти онро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан соҳаи энергетикаи кишвар арзёбӣ намуд. Сипас баромадкунандагон ба саволҳои сершумори иштирокчиёни семинар ҷавобҳои қонъкунанда доданд.