АКСИЯИ ҲИЗБИИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДА ВА БУНЁДКОР”

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша чорабиниҳои тасдиқгардидаи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён аъзоёну ҷонибдорони ҳизбӣ ҳар ҳафта рузи панҷшанбе ба аксияҳои дастаҷамъона баромада дар рафти корҳои ободониву созандагӣ саҳми бо мароми хешро гузошта истодаанд, ки кормандони муассисаи таълимии №61-и ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” аксияи тозагӣ гузарониданд.

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ санаи 18 апрели соли 2024 аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоӣ дар ноҳияи Кӯшониён аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор!” баргузор гардида истодааст. Дар аксияи мазкур аъзоёни ҳизб бо руҳияи баланди арҷгузорӣ ба Ватан фаъолона ширкат варзида, дар шоҳроҳи назди муассиса ба тоза намудани гирду атроф аз алафҳои бегонаи рангубор намудани зери дарахтон машғул гашта, саҳми худро гузоштанд. Боиси қайд аст, ки ин аксияи мазкур ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузаронида мешавад.