ТЕРРОРИСТОН ЧАРО МАҲЗ ҶАВОНОНРО МАҒЗШӮИ МЕКУНАНД?

Кушониён: Вокуниш  

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир ҷараёнҳои иртиҷоии ба монанди терроризм, экстремизм, ифротгароӣ ва ғайра дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон батадриҷ доман паҳн намуда, ба омили асосии мураккабшавии муносибатҳои байналхалқӣ табдил ёфтаанд. Тамоми ҷараёнҳои номбурда дар фаъолияти худ аз чорабиниҳои радикалӣ истифода мекунанд. Аз ин лиҳоз онҳоро ҷараёнҳои террористӣ, радикалӣ ё экстремистӣ радикалӣ ё ифротгароӣ-радикалӣ меноманд. Созмону ҳаракатҳои радикалии террористӣ - экстремистӣ ба монанди “Ҷабҳат-ун-нусра”, «Давлати Исломӣ», «Ваҳҳобия», «Салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Гурӯҳи исломии Туркистони Шарқӣ», «Ал-қоида», «Конгреси халқии Курд», «Асбат-ал-Ансар», «Бародарони мусалмон», ҳаракати «Толибон» ва ғайра имрӯз ба пиёдакунандаи манфиатҳои абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Миёна, табдил ёфтаанд. Экстремизм (ифротгароӣ) ҷинояти махсусан вазнин буда, ба ҷамъият хавфнокии он зоҳир мегардад, ба оромии кишвар, сулҳу субот, ҳаёт ва саломатии инсоният, амнияту сохти конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳокимияти давлатӣ ва пеш аз ҳама ба системаи сиёсии давлат, ягонагӣ ва бехатарии мамлакат зарар мерасонад. Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоеанд, ки дар замони муосир Гирди забони ҳама шудаанд ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошанд. “Экстремизм” ин тундравӣ ва ё аз андоза гузаштан буда, оқибат ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» ин тарсу ваҳм аст. Агар экстремизм ақида бошад, пас терроризм рафтор аст, ки онҳо якдигарро пурра менамоянд. Вижагии радикализми ҷавонон дар нобоварӣ ё кинаю ғазаб нисбат ба давлат ва муносибати беихтиёрона ё ихтилофнок дар сатҳи алоқамандии байнишахсӣ мебошад. Ғояҳои радикализм як навъ шакли ҷойивазкунандаи ҳамгироӣ мебошанд, чунки механизмҳо ва шартҳои ҳамгироии иҷтимоӣ– касбӣ, ҷалби иҷтимоии ҷавонон (маълумот, касб, таҳарруки ҳудудӣ) дар ҷомеа коҳиш ёфтааст.Ба хулосае омадан зарур аст, ки масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз авзои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ҷомеаи мо - Тоҷикистонро зарур аст, ки аз ҳар гуна ташкилоту гурӯҳҳои ифротӣ ҳазар намуда, таъмини якпорчагии давлату миллат ва сулҳу ваҳдати худро пос дошта, кишвари азизаморо барои имрӯзу фардои насли оянда ободу зебо гардонем.

Чилазода Аъзамҷон раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия”