ҲИМОЯИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН ҚАРЗИ МУҚАДДАСИ ҲАР ЯКИ МОСТ

Кушониён: Андеша  

Соҳиби марзу бум ё ҳудуди муайяншуда будан дар қатори миллат, забон ва артиш яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат мебошад. Гузашта аз ин, амнияти давлат ва миллат аз сатҳи ҳимояи сарҳадоти он вобастагии мустақим дорад.

Амнияти Ватан яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки он ҳифзи шахсият, ҷомеа ва давлатро таъмин менамояд. Ватан бо таъмини амнияти миллӣ барои ҳар фарди миллат муқаддас мебошад, зеро Ватан далели асосии ҳастии миллат ҳисобида мешавад. Таърихи мулку мулкдории миллати тоҷик нишон медиҳад, ки дар ин Ватан шахсиятҳои бузурги дорои азму иродаи қавӣ кору пайкор намудаанд, ки барои ҳимояи марзу буми Ватани хеш ҷонфидоиҳо кардаанд.

         Ватанро азиз дониста ҳимоят кардан, ба муқаддасоташ арҷ гузоштан ва дар навбати худ ободу шукуфо гардонидани он воҷиби имонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як инсон мебошад.

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ масъалаи ватану ватандӯстиро таҳлил ва баррасӣ намуда, аз ҷумла таъкид намуданд: «Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳиб¬истиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем».

Хизмат мактаби шарафу номус, мардонагию шуҷоатмандӣ буда, маҳз обу тоби бадан ва ҳамчун шахсият шинохташавии мард аз ҳамин мактаб ибтидо меёбад.Ҷавонон дар ҳама давру замон ҳимоятгари Ватан ва марзу буми он буданд ва барои ҳимояи ҳар як ваҷаб замини он мардонавор истодагарӣ намуда,

Дар баробари тасдиқи ин воқеият, тазаккур додан ба маврид аст, ки дини мубини ислом ҳифз ва ҳимояи ватанро вазифаи ҷонии ҳар як фард мешуморад. Пайваста инсонро барои ҳифзи марзу буми ватан ташвиқ ва тарғиб намуда, ҳимоят кардани онро аз душман масъулияти азим донистааст, хоки аҷдодиро аз ҳамлаи душманон дифоъ намудаанд.

 

Сатторов А. - аъзои фаъоли ҳизб.