ДИЛ БАР РАҲИ ВАТАН ФИГОР МАН НАКУНАМ, КӢ МЕКУНАД?!

Кушониён: Андеша  

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Айни замон уҳдадории ҳарбии шаҳрвандон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” амалӣ шуда истода, пурранамоии Қувваҳои Мусаллаҳ бо даъватшавандагони ҷисман солим, соҳибмаълумот ва соҳибкасб таъмин гаштааст.

Қонуни зикршуда ва фармонҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ҳамаи шаҳрвандони синни даъватиро уҳдадор менамояд, ки дар навбати аввал қарзи худ хизмат ба модар-Ватанро адо намоянд. Дар ин замина, шумораи шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ менамоянд, сол то сол кам шуда, сафи шаҳрвандоне, ки хоҳиши ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафтан доранд зиёд гардида, ҷавонон дар асоси даъватнома ихтиёран ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир шуда, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуда истодаанд..

Ватан-Модар ин ду калимаи муқаддас ва пайванд. Мо бе ин ҳарду зиндагӣ карда наметавонем, зеро моро яке тавлид менамояд ва дигаре ба оғӯш гирифта ба воя мерасонад.Ҳифз ва эмин нигоҳ доштани Ватан-Модар вазифаи ҳар як фарзанди содиқи ин меҳани биҳиштосо мебошад.

Имрӯз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ назар ба солҳои пешин хело беҳтар шуда, дар мадди назари махсуси Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор дорад. Хизматчиёни ҳарбӣ бо сару либос, се вақт хӯроки гарм ва лавозимоти зарурӣ таъмин мебошанд, онҳо аз ягон ҷиҳат танқисӣ намекашанд.
Хизматчиёне, ки хизматро содиқона ба ҷо меоранд ба рухсатии кӯтоҳмуддат рухсат дода мешаванд, ки ин амалҳо дар солҳои Шӯравӣ тамоман ба чашм намерасид.

Тибқи муқаррароти моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихору сарбаландист. Меҳри Ватан дар қалби ҷавонон аз оила маншаъ гирифта, бояд дар мактаб мустаҳкам гардад. Ва ҷавонон бояд баъди хатми мактаб хизмати Ватан-Модарро вазифаи аввалиндараҷаи худ ҳисобанд.
           Хизмати ҳарбӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соле ду маротиба гузаронида мешавад. Ба хизмати ҳарбӣ танҳо шаҳрвандони ҷинсашон мард, ки синнашон аз 18 то 27-сола расидааст, даъват карда мешаванд. Муҳлати хизмати ҳарбӣ 24 моҳ ва барои ҷавонони маълумоти олидор 12 моҳро дар бар мегирад.

 

Валиев Дилшод - Раиси ҷамоати шаҳраки Бохтариён.