МУЛОҚОТҲО БО УСУЛИ ХОНА БА ХОНА ДАР МАҲАЛ!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Санаи 15 апрели соли 2024 раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мУҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вобаста ба сафарбар намудани ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои муайянеро роҳандозӣ намудааст. Бо мақсади огоҳонидани волидон вобаста ба ҳатми будани хизмати ҳарбӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат будан Ҳакимзода Миҷгона раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ҷамоати шаҳраки Бохтариён мулоқотҳо бо усули "Хона ба хона" доир намуданд.Зимни мулоқотҳо вобаста ба ихтиёран сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати баҳории соли 2024, самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф, вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкорию ободгароӣ бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброзӣ сухан намуданд. Дар анҷоми суҳбат волидон аз маслиҳату машваратҳои саривақтӣ руҳбаланд гардида, ваъда доданд, ки фарзандонро ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намуда, насли наврасро дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ тарбият менамоянд.