ТАШАББУСКОРИҲОИ АЪЗОЁНУ ҶОНИБДОРОНИ ҲИЗБӢ ДАР ТАЪМИРИ РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён ва бо ҷалби соҳибкорону сокинони деҳаи Одилободи ҷамоати шаҳраки Бохтариён, корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои байнидеҳавиро аз ҷумла сангфаршкуниро тариқи ҳашари дастаҷамъона роҳандозӣ намуданд. Ин аст, ки мо ба масъалаи бунёди роҳҳои нав ва таъмиру таҷдиди роҳҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хоса ва доимӣ зоҳир менамоем. Ин амали созандагиву бунёдкории сокинони деҳаи мазкур, ки зиёда аз 1 км роҳои байнидеҳавиро сангфаршу сементпуш намуда, боиси хушҳолии хурду калон гардида ва намунаи ибрати дигарон хоҳад шуд. Боиси қаид аст, ки чунин ободкориҳову созандагиҳо боиси он мегардад, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳазорҳо километр роҳҳои мошингард азнавсозӣ ва таъмиру тармим ва даҳҳо километр нақбҳои мошингузар ва садҳо пул бунёд гардида, имрӯз мушкилоти рафтуомади сокинону меҳмонони кишвар ва ҳамлу нақли молу маҳсулотро аз як минтақа ба минтақаи дигари мамлакат бо маротиб осон гардонад.