БОЗДИДИ РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 13-уми апрели соли ҷорӣ узви Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин дар якҷоягӣ бо муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Дилшод рафти сохтмон ва таъмиру азнавсозии синфхонаҳои иловагии муассисаи таълимии №5-и ҷамоати Навбаҳорро мавриди боздид қарор дода, бо масъулин ва сохмончиён сӯҳбат намуданд.

Зимни мулоқот ба масъулин ва сохмончиён дастур дода шуд, ки бино ва синфхонаҳо бо сифати баланд таъмир гардида, то оғози соли нави хониш муассиса барои қабули хонандагон омода карда шавад. Тазаккур бояд дод, ки сохтмони ин синфхонаҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, бинои иловагии 2 ошёна аз 7 синфхонаҳои барҳаво ва 2 утоқи корӣ иборат буда, дар корҳои сохтмонӣ маводҳои баландсифат истифода карда мешавад.